Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Амалиётҳои сейфӣ


Нигоҳдории арзишҳо, воситаҳои пулӣ ва ҳуҷҷатҳо дар хона ё корхона метавонад ҳаёт ва саломатии Шумо ва наздиконатонро зери хатар гузорад. ҶСК «Агроинвестбонк» усули аз ҳама бехатар нигоҳ доштани арзишҳоро пешниҳод менамояд - қуттичаҳои сейфӣ.


ҶСК«Агроинвестбонк» амалиётҳои сейфиро бо роҳи пешниҳод намудан ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифодабарии муваққатӣ- ба мӯҳлати 10 ё 20 рӯз, ё ки то як моҳ ва зиёда аз он, қуттичаҳои махсусгардонидашудаи фардиро ба андозаҳои гуногун амалӣ менамояд.


Мо ба Шумо ба таври иҷора як ё якчанд қуттичаҳои сейфии инфиродиро бо андозаҳои дилхоҳ, мутобиқ ба қоидаҳо ва талаботҳои бонкӣ инчунин Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамоем. Маълумот дар бораи иҷорагирии қуттиҳои сейфӣ қатъиян махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Гузоштани арзишҳо аз ҷониби мизоҷ (иҷорагир) ба контейнери қуттичаи сейфӣ, дар ҳуҷраи махсус таҷҳизонидашуда, ё ин ки утоқе, ки шахси бегона ва корманди масъули бонк ворид намешаванд, сурат мегирад.


 ҶСК «Агроинвестбонк» баҳри таъмини пурраи нигоҳдории арзишҳои дар қуттичаҳои сейфӣ мавҷудбуда ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотҳо ба Шумо кафолат медиҳад, инчунин дастрасиро ба қуттичаҳои сейфӣ дар ҳама ҳолат дар вақтҳои кории Бонк пешниҳод мекунад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал